Главная > Навидҳо > Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ доир мешавад

Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ доир мешавад


23-04-2019, 14:47.
Аз 26 то 28 апрел дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ – «Tajikistan Open Taekwondo WT» баргузор мешавад.

Тавре раиси Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев хабар дод, дар мусобиқаи мазкур дар баробари дастаҳои Тоҷикистон инчунин иштироки варзишгарон аз кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки баргузории мусобиқа дар рушди ин намуди олимпии варзиш дар кишвар мусоидат карда, варзишгарони мо таҷрибаи хуби мусобиқоти сатҳи байналмилалиро меомӯзанд.
Вернуться назад