Главная > Навидҳо > Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ғалаба оғоз гардиданд

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ғалаба оғоз гардиданд


19-04-2019, 10:13.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 тасдиқ гардид.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Раиси шаҳ Раиси шаҳр бо ин қарор масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

«Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашн чун анъана ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардида кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчунин ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе расонида мешавад»,-афзуд манбаъ.


Вернуться назад