Главная > Навидҳо > Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал

Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал


15-04-2019, 16:09.
12 апрели соли 2019 маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол- Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Раҳмоналӣ, намояндагони идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд .
Хотиррасон гардид, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон сармеъморони 4 ноҳия дар мувофиқа бо Кумита ба вазифа таъин гардиданд. Ин ҳам бошад: ноҳияи Ишкошим - Рустамов Асанбек, ноҳияи Панҷ - Саидов Фазлидин, ноҳияи Шаҳритуз – Ятимов Махмадюсуф ва ноҳияи Нуробод - Таибов Сайхӯҷа. Инчунин бо фармоишҳои Раиси Кумита директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш дар ноҳияи Ишкошим - Матрабов Вадим, дар шаҳри Роғун - Баҳодуров Зикрулло, дар ноҳияи Данғара - Тағоев Сироҷиддин, дар ноҳияи Лахш - Соимов Абдулаҳад, дар ноҳияи Фархор - Набиев Муҳаммаднабӣ ва дар ноҳияи Сангвор - Давлатов Давлатхӯҷа ба вазифа таъин гардиданд.
Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал

Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ.
2. Ҳолати татбиқи Нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалҳо ва назорати иншооти сохташаванда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
Дар баррасии масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ» Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол баромад намуда, аз ҷумла гуфт:-
-Ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Кушониён, Бохтар, Бӯстон, Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров як қатор иншооти хурду бузурги таъиноти гуногундошта бо сатҳу сифати баланд ба истифода супорида шуд.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, пеш аз ҳама, миннатдории худро ба сармеъморони шаҳри Норак, Кушониён, Бохтар, Бӯстон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сармеъмори вилояти Суғд мерасонам.
Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосиамон қарор дода, истифодабарии самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем,- гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
-Аз ҷумла, вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, рушди деҳот, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баён гардиданд, мо сохтмончиён, меъморон ва лоиҳакашон бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри иҷрои ин ҳадафҳо бояд чораҳои зарурӣ андешем.
Бо таъкиди Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. - Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 57 шаҳру маркази ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Бӯстон ва Роғун бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи Нақшаҳои генералии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Шаҳритуз мавриди мувофиқа қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Фархор идома доранд.
Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал
Айни замон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дар амал татбиқ намудани нақшаҳои генералии тасдиқгардида, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал идома дорад.
Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 57 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, ҳоло лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 7 шаҳру ноҳияҳо мавриди тасҳеҳ қарор доранд.
Кумита дар асоси Нақшаи корӣ барои соли 2019 бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаи 27 феврали соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва санаи 14 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе семинар-машварат дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” бо иштироки муовинони соҳавии раисони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Кушониён, Хуросон, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, роҳбарони мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ташкилотҳои минтақавии лоиҳакашӣ, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисии шаҳру ноҳияҳои зикршуда, роҳбарону кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар иншооти “НБО Роғун” мувофиқ ба супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин кардани нерӯгоҳ, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ, масъалаҳои техникии иншоот ва дархостҳои ташкилотҳои дар “НБО Роғун” фаъолиятдошта ҳаллу фасл гардида истодаанд.
Ҳамзамон, Кумита дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои протоколии Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар муҳлатҳои муайян ба иҷро расонид.
Ҳамчунин, дар ин муддат мутахассисони Кумита дар баррасии масъалаҳое, ки аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буданд, мунтазам иштирок намуда, масъалаҳои пешниҳодгардида сари вақт баррасӣ карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе” ва аҳамияти он дар рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷониби КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” лоиҳаи ангоравии “Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе” омода гардида, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуд. Аз ҷониби Кумита лоиҳаи иншооти мазкур барои дарёфти сармоя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар ҳолати пайдо гардидани сармоя Кумита омодааст дар таҳияи лоиҳаи корӣ ва аз ташхиси давлатӣ гузаронидани он мусоидат намояд.
Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал

Ба иттилои Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. Кумита ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати бунёди маҷмааи рамзи “Истиқлолият ва озодӣ” 21 апрели соли 2018 баён доштанд ва Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018 дар бораи озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ андешида, маълум менамояд, ки санаи 17 январи соли 2019 озмуни кушода ҷамъбаст гардида, аз 32 лоиҳаи пешниҳодшуда 3 лоиҳаи беҳтарин бо рамзи “Тоҷ” аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки Роҳбари гуруҳ Рустами Эмомалӣ-Раиси шаҳри Душанбе мебошад, таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум, бо рамзи “Амал”, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар ”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таҳия шудааст бо гирифтани 34 хол сазовори ҷойи дуюм ва бо рамзи “335577”, ки аз ҷониби гуруҳи эҷодии Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо Ассотсиатсияи баналхалқии иттифоқҳои меъморон (МАСА) таҳия шудааст, бо гирифтани 31 хол сазовори ҷойи сеюм ҳисобида шуд.
Санаи 11 марти соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъбаст гардидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибон ва ифтихорномаҳо ба иштирокчиёни озмун баргузор гардид.
Рӯзҳои 14 ва 15 марти соли 2019 лоиҳаҳои ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, дар маҷмааи “Душанбе-Плаза” ба намоиш гузошта шуд.
Айни замон, дар ин самт аз ҷониби ғолиби озмун корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардида, ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи кӯчонидани иншоотҳои бартарафшавандаи ҳудуди сохтмонии боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” идома дорад.
Моҳҳои январ-марти соли 2019 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 2 миллиарду 522 миллиону 600 ҳазор сомонӣ истифода шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 168 ҳазору 200 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Моҳҳои январ-марти соли 2019 фондҳои асосӣ ба маблағи 347 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 2 миллиарду 30 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал

Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 516 ҷойи талаба ва дармонгоҳ барои 20 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд.
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ зиёда аз 60 адад лоиҳаҳои ангоравии иншооти муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардида, айни замон дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj барои корбарӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин, лоиҳаи кории иншооти зикршуда аз ташхиси давлатии лоиҳаҳо гузаронида шуда, ба муроҷиаткунандагон ройгон пешниҳод шуда истодааст.
Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
Корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншоотҳое, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони Кумита қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон, дар вилояти Суғд ва дар шаҳри Душанбе маълумоти муфассалро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), директори Муассисаи давлатии “Равзанаи ягона” (Сафарзода А.), директори КВД “Лоиҳакаш” (Шарифзода Д.Ш.) ва роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои саривақт пешниҳод намудани нусхаи лоиҳаҳои омодашуда, чораҳои зарурӣ андешанд.
Инчунин сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.), сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” вазифадор карда шуданд, ки раванди корҳои сохтмону ободониро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда охири ҳар моҳ ба Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Тавре ки аз ҳисоботҳои пешниҳодшуда маълум гардид, кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бештар фаъолият карда бошанд ҳам, вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо дар соли 2019 ислоҳи худро ёбанд ва дар қарори ҳайати мушовара иҷрои вазифаҳои мушаххас дарҷ карда шуданд.
Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал
Дар анҷоми баромади худ Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. гуфт, ки аз номи ҳамаи иштирокдорони маҷлис Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонам, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, суръат бахшидан ба равиши фаъолияти бинокорӣ ва ободу зеботар кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ карда, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.
Сипас, ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳо- сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Табарзода Р.Ҳ., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., директори ҶСК «Шаҳрофар» Ишанов Б.М., директори ҶСК «Саноатсоз» Мализода Б.Ҳ., директори КВД «Маркази нархгузорӣ» Каримзода А.Р., директори КВД «Лоиҳакаш» Шарифзода Д.Ш. шунида шуд.
Оид масъалаи дуюми рӯзнома «Ҳолати татбиқи Нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалҳо ва назорати иншооти сохташаванда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» сардори Раёсати шаҳрсозӣ Искандаров Файзулло гузориш дод.
Сипас, сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Раҳмоналӣ ба сухан баромада, оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Кумита суханронӣ намуда, тавсия ва пешниҳоди худро иброз намуда изҳори боварӣ намуд, ки дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат кормандони Кумита, аз ҷумла сохтмончиёну меъморон, лоиҳакашон, сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстонаи худ барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда сарбаландона мебароянд.
Д.Нурзода,
мухбири “РБ”
Вернуться назад