Главная > Навидҳо > Дар Норак оид ба арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии омилҳои бегонапарастӣ ҳамоиш доир гардид

Дар Норак оид ба арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии омилҳои бегонапарастӣ ҳамоиш доир гардид


12-04-2019, 14:32.
Дар шаҳри Норак бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва иштироки фаъоли занони шаҳр дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани омилҳои бегонапарастӣ» ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба САФАРОВА иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, аъзои Шӯрои куҳансолони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Латофат Насриддинова, муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов сухан гуфтанд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ваҳдат беҳтарин неъмат, маънии ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат мебошад. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлолияти ватанамонро пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ҳамчунин меҳмонон оид ба баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди ҳунармандӣ, арҷгузорӣ ва гиромӣ доштани расму оинҳои мардумӣ, либоси миллӣ, забону фарҳанг, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва дар рӯҳияи ифтихори милливу ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози назар карданд.
Вернуться назад