Главная > Навидҳо > Хатлон: ташкили 91 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 2407 ҷои корӣ

Хатлон: ташкили 91 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 2407 ҷои корӣ


13-01-2016, 11:31.

— Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2014-ум 671,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2015 вобаста ба иҷрои нақшаи амал 91 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 2407 ҷои корӣ ташкил шудааст. Соҳаи саноат сол аз сол рушд ёфта, нисбат ба соли 2014-ум истеҳсоли асфалт 9,3 баробар, пунба 1,6 баробар, семент 1,3 %, оҳану бетони васлшуда 2 баробар ва трансформатор 1,6 % афзоиш ёфтаааст.
Дар соҳаи сохтмон нисбат ба соли 2014 азхудкунии маблағҳои асосӣ бо сармояи хориҷӣ 74,3 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ аз ҳамаи манбаъҳо 54,4 миллион сомонӣ ва корҳои пудратӣ 173 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Дар соли 2015 ба маблағи 952,1 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давом дар вилоят 330 биною иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 28 мактаб, 22 муассисаи тиббӣ, 88 мағозаи тиҷоратӣ, 4315 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 393,1 ҳазор метри муррабаъ ва дигар сохтмонҳои хурду бузург ба истифода дода шудаанд.

Вернуться назад