Главная > Навидҳо > БОЗ «ПАРАСТУ» МЕОЯД! Бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва санъати театрӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мегардад

БОЗ «ПАРАСТУ» МЕОЯД! Бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва санъати театрӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мегардад


8-04-2019, 10:07.

Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва аз 15 то 22 апрели соли равон Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ифтитоҳи ботантанаи фестивал 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур 18 театрҳои касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод мекунанд.

Инчунин дар доираи ҷашнвора баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар» – яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки даромад ба ҳамаи намоишҳо ройгон аст.
Вернуться назад