Главная > Навидҳо > Ихтирое, ки метавонад норасоии барқро барҳам занад

Ихтирое, ки метавонад норасоии барқро барҳам занад


11-01-2016, 10:34.
Ихтирое, ки метавонад норасоии барқро барҳам занад
Ҳамааш аз ҳодисаи таркиши дар неругоҳи атомии Чернобил сар шуд. Раҳматшоро шабу рӯз як андеша қарор намедод: оё мумкин нест, ки барои истеҳсоли неруи барқ воситаҳои бехавфро пайдо кард? «Бояд бошад!» - боварӣ дошт ӯ. Дар баробари ихтироъкориҳою навовариҳояш дар соҳаҳои техникаи хоҷагии қишлоқ, боғдорию нақлиёти автомобилӣ доимо дар андешаи бунёди неругоҳи барқии наве буд, ки ҳам барои экология безарар бошад ва ҳам дар шароити камобӣ, ё набудани шамолу гармии офтоб бемалол барқ диҳад. Зеро ӯ ихтироъкори ҳақиқӣ аст.
Ў ба техникаю навоварӣ завқу ҳавас дорад. Зодаи кӯҳистони Рӯшон мебошад.
Муаррифинома
Раҳматшо Давлатшоев 20 майи соли 1939 дар деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. То синфи 7-ум дар мактаби деҳа хонда, маълумоти миёнаро дар маркази ноҳия мегирад. Соли 1957 донишҷӯи техникуми механизатсия ва электрификатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Қӯрғонтеппа мешавад. Баъди хатми техникум ҳамчун устои электровозҳои кони Такоби ноҳияи Варзоб ба кор медарояд. Аз соли 1958 то соли 1961 механизатори совхози «Қабодиён»-и ноҳияи Ҷилликӯл шуда меҳнат мекунад. Соли 1961 ба факултети механизатсия ва электрификатсияи Донишгоҳи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1966 бо баҳоҳои хубу аъло хатм мекунад. Ўро барои кор ба пойгоҳи санҷишии техникаи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) мефиристанд. Дар ин идора чанд сол вазифаи сармуҳандисиро ба уҳда мегирад. Солҳои 1984–1992 муҳандиси Кумитаи давлатии комплекси агросаноатӣ шуда кор мекунад. Як муддат челонгари карбюраторҳои базаи таксиҳои маҳаллаи ДОК-и шаҳри Душанбе низ шуда кор кардааст. Раҳматшо Давлатшоев солҳои 2005–2014 дар Донишгоҳи техникии Душанбе ҳам омӯзгор ва ҳам мудири лабораторияи (ташхисгоҳи) донишгоҳ шуда, фаъолият менамояд. Аз соли 1999 нафақахӯр аст. Сокини кӯчаи Сафедорон, 4-и шаҳри Ваҳдат мебошад.Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
- Дар деҳае, ки ман калон шудам, - мегӯяд ӯ, - офтоб наменамояд. Зеро аз чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс онро печондаанд. Мардум асосан ба чорводорӣ машғуланд. Лекин дигар зироатҳо низ, аз кабили картошкаю пиёз ва меваю дигар намудҳои сабзавот рӯёнда мешавад. Маҳсулоти чорво, хусусан шир барои саломатии инсон бисёр муфид аст. Ширчой майнаро инкишоф медиҳад, - ва бо шухӣ илова мекунад: - шояд ҳамон ширчойҳои дар айёми бачагӣ хурдаам маро ихтироъкор кардааст.
Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Соли 1958, дар синни 19-солагӣ, вақте ки ӯ ҳоло ягон маълумоти касбӣ надошт, барои осон шудани кори чорводорон аввалин пешниҳод кард. Ҳангоми пашми гӯсфандонро тарошидан байни теғҳои мошинаи пашмтарошӣ ифлосӣ бисёр даромада, мошинаро зуд-зуд аз кор мемононд. Чорводорон маҷбур буданд, ки мошинаро ба қисмҳо ҷудо карда, тоза кунанд, боз онро ҷамъ оварда, баъд корашонро давом диҳанд. Раҳматшо як таҷҳизотеро сохта, ба пеши теғҳои мошина гузошт, ки ифлосӣ камтар вориди дандонаҳо мегардид ва кори чорводорон пешрав шуд.
Вақте аз акаи Раҳматшо шумораи ихтирою навовариҳояшро пурсон шудам, гуфт, ки шумораашонро намедонад. Онҳо асосан дар соҳаҳои боғдорию чорводорӣ, техникаи хоҷагии қишлоқу нақлиёти автомобилӣ ва дастгоҳҳои барқианд. Ба чордаҳ ихтироаш шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкории байналхалқӣ дорад.
Яке аз аввалин ихтироъҳояш соли 1985 дар ҳамкорӣ бо ҷиянаш Дешо Давлатшоев мебошад, ки «Система питания двигателя внутреннего сгорания» («Шабакаи таъминоти сӯзишвории муҳаррикҳои дарунсӯз») унвон дошта, баъди тасдиқ дар истеҳсолот ҷорӣ гардид. Барои ин ихтироаш моҳи декабри соли 1986 аз тарафи Кумитаи давлатии СССР оид ба корҳои ихтироъкорию кашфиёт бо шаҳодатномаи ихтироъкории №1302003, нишони «Ихтироъкори СССР» ва як хонаи 2-ҳуҷрагию 10 ҳазор сӯм пул сарфароз гардонда шуд.
-Ин чӣ гуна ихтирое буд,-пурсидам аз Раҳматшо Давлатшоев. Дар шарҳи ихтироъ чунин посух дод: ҳангоми гармшавии муҳаррики мошин бухоршавӣ ва харҷи сӯзишворӣ зиёд мегардад. Аз ин ҳолат буғшавии бензин дар ҳавзчаи корбюратор ба амал омада, ҳаракати мошинро дар нишебиҳо афзуда, боздоштани мошин душвортар мегардад. Дар ин ҳолат ронанда аз педали тормоз бештар истифода мебарад, ки ин боиси баланд гаштани ҳарорати дохили чархгир ва баъзан сар задани сӯхтор дар чархҳо низ мегардад. Барои кам кардани бухоршавии бензин Раҳматшо дар карбюратор зарфи хунуккунандае илова намуд. Тавассути найчаи мустаҳками резинӣ бухори бензинро аз ҳавзчаи дохили корбюратор ба дохили он зарф равон кард. Бухори аз бензин пайдошуда дар дохили зарфи хунуккунӣ хунук шуда, ҳангоми педали газро зер кардани ронанда он бухори хунукшуда тавассути ҳамон найча боз ба ҳавзчаи дохили корбюратор баргашта, рӯи бензини гармро пӯшонда, онро аз бухоршавии зиёд бозмедорад. Дар истеҳсолот ҷорӣ гаштани ин ихтироъ ҳам харҷи барзиёди сӯзишворирою ҳам бухоршавии заҳри аз сӯзишворӣ ҳосилшударо ба атроф кам ва ҳам боздоштани мошинро дар нишебиҳо осон кард. Пештар ронандагон барои хунук кардани карбюратор латтаи тарро истифода мебурданд.
Раҳматшо Давлатшоев ихтироъҳои зиёде кардааст. Барои ин корҳояш бо медалҳои «Барои хизмати шоён», «100-солагии В. И. Ленин», нишони Ҷамъияти умумииттифоқии ихтирою навоварӣ ва коршиносони техникии Донишгоҳи техникии СССР, нишони Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад», нишони «Ихтироъкори СССР» ва чандин диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудааст. Имрӯз ҳам сараш пур аз пешниҳоду идеяҳои нав аст. Агар лаҳзае бо ӯ ҳамсуҳбат шавед, мебинед, ки дар як муддати кутоҳ чанд фикри нав, агар мавзуи суҳбат техника, нақлиёт ва ё соҳаи барқ бошад, чанд навоварӣ мегӯяд. Боре ҳангоми суҳбат дар идораи рӯзнома, чанд нафари дигар низ ҳузур доштанд, мавзуи гап сӯи мушкилоти ба сари ширкати «Мерседес»-барории Олмон омада тоб хурд. Яке аз ҳамсӯҳбатон гуфт, ки аз сабаби бухори аз меър зиёди гази заҳрнок дигар давлатҳо хариди «Мерседес»-ро кам кардаанд ва мошинҳои харидаашонро баргардондаанд. Раҳматшо, ки он ҷо ҳузур дошт, гуфт, ки ҳалли ин мушкилот барои ман ду карат ду аст. Ва албатта, ӯ бе асосу боварӣ сухан намегӯяд. Ин сухани Раҳматшо Давлатшоев ҳолатеро ба ёдам овард, ки беморе барои табобати дардаш дари садҳо духтурро мекӯбаду садҳо сомонӣ маблағро сарф мекунад, вале баъд мефаҳмад, ки шифои дардаш як гиёҳаки лаби ҷӯйбори пеши хонаааш будааст. Шояд бемор ҳамон ширкати мошинбарории «Мерседес»-и Олмон бошад, Раҳматшо Давлатшоев ҳамон гиёҳаки лаби ҷӯйбори назди ҳавлиамон.
Раҳматшо Давлатшоев инсони аҷибе аст. Бо нафақа рӯз мегузаронад. Баъзан ҳамон нафақаашро ҳам сари вақт намегирад. Вале бо як порча нони хушк қаноат мекунад. Инсондӯст аст. Танҳо ба манфиати ҷамъият фикр мекунад. Ҳамеша мехоҳад коре кунад, ки ба мардум нафъе биёрад. Дар баробари ҳамаи ин, акаи Раҳматшо чандин сол мешавад, ки донор аст. Дар ҷайбаш дафтарчаи «Донори ифтихории Тоҷикистон»-ро дорад. – Ин дафтарчаро ба ман худи Президент супоридагӣ, -мегӯяд бо ифтихор Раҳматшо Давлатшоев. Ба ақидаи ӯ, хуне, ки дар ин муддат супоридааст, 55 нафар беморро наҷот додааст…
Бо вуҷуди ин қадар ихтирою навовариҳо андешаи бунёди истгоҳи барқии бехавфу пурсамара муддатҳои зиёд дер гоҳ аз сараш дур намешуд. Соли 2002 ҷавҳари ҳалли ин масъаларо дарёфт. Чандин намуд нақша кашид. Ҳатто дар бораи чи тарз истодани генератори барқистеҳсолкунанда низ андешид. Он бояд вертикалӣ истад. Зеро дар ҳолати горизонталӣ истодани генератор, ҳангоми кор кардан ларзиш пайдо шуда, онро тез аз кор мебарорад. Дар ҳолати вертикалӣ истодан дар он ларзиш нест мешавад.
Ниҳоят нақшаи бунёди истгоҳи барқ омода гардид. Барои барқ истеҳсол кардани он об, атом ва шамолу нерӯи офтоб лозим нест. Ба қавле, аз ҳеҷ чиз нерӯи барқ истеҳсол кардаю онро дар ҳама ҷо ва ҳар гуна шароиту иқлим истифода бурдан мумкин аст. Ҳатто дар киштиҳои зериобӣ ба ҷойи нерӯи барқи атомӣ, ки хеле хатарнок аст, аз ин дастгоҳи барқ бемалол истифода бурдан мумкин.
Раҳматшо Давлатшоев ин ихтироашро баъди гузаштан аз таҳлилу санҷишҳои зиёде соли 2005 дар Кумитаи ихтироъ ва кашфиёти назди Ҳукумати Федератсия Россия тасдиқ кунонда, ба қайд мононд. Баъд дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шакли хурди 12-волтаи онро сохта нишон дод. Вале дар сохтани намунаи саноатии он (барои истеҳсоли ақаллан истгоҳи яккиловатт нерӯи барқ) мушкилӣ мекашад. Мушкилӣ дар дарёфти маблағ.
- Ҳамагӣ 10-11 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки ман худам истгоҳи яккиловаттаи барқистеҳсолкуниро бисозам, - мегӯяд ӯ. - Ба чандин соҳибкорону идораҳо барои маблағ муроҷиат кардам. Вале маблағ дастрас нагардид.
- Он чӣ гуна истгоҳи барқӣ аст, ки ба қавле, аз ҳеҷ чиз барқ истеҳсол мекунад? Ин бисёр аҷиб аст дар рӯзҳое ки мо аз нарасидани нерӯи барқ танқисӣ мекашем? – мепурсам аз акаи Раҳматшо Давлатшоев.
- Ин бисёр оддӣ аст, - мегӯяд бо табассум ӯ. – Барои истеҳсоли барқ дар истгоҳи ихтироъкардаи ман на обу на шамол ва на гармии офтобу на атом лозим аст. Ва ӯ нақшаи омодакардаашро рӯи миз гузошта, ба ман мефаҳмонад. Он нақша дар назар бисёр оддӣ аст. Ба мисли як камерае, ки болояш лӯлаи дудбаро дорад. Ва мефаҳмонад: дар дохили ин камера шамолдиҳак насб карда шудааст. Дар болои он, рӯ ба рӯи шамолдиҳак парраҳои генератор меистад. Шамолдиҳак дар аввал, мисли мошин, тавассути манбаи барқ (аккумулятор) ба кор даромада, шамол медиҳад. Шамоли ҳосилшуда парраҳои генераторро тоб медиҳаду тавассути қубури ба боло ростшуда баромада меравад. Парраҳои генератор, ки тоб хурд, барқ ҳосил мешавад. Ва ҳамин тавр, мисли занҷира, аз барқи ҳосилшуда ҳам истифода бурдан мумкин ва ҳам аккумулятор қувват гирифта, шамолдиҳакро тоб додан мегирад. Бисёр оддӣ. Барои инро ёфтан фақат ақлу дониш лозим аст.
- Ана, дар сохтани ҳамин як чизаки оддӣ маблағи зарурӣ наёфта истодаам, - мегӯяд ихтироъкор бо таассуф. - Агар маблағ мебуд, ман шакли нерӯгоҳи яккиловаттаро сохта, пешкаш мекардаму баъд намуди бузурги онро ҳукумат ва ё соҳибкорон метавонистанд дар заводҳо фармоиш диҳанд. Бовар дорам, ки бо амалӣ гаштани ин ихтироъ метавонем, мушкилоти барқро дар ҷумҳуриамон ва ҳатто дигар ҷумҳуриҳо ҳал намоем.
Шояд. Мо низ ба ин умеду боварӣ дорем, ки рӯзе мерасаду ихтирои фарзанди тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад гашт…
Амруллоҳи ЗАБИР,
"РБ",№12 (86), аз 26 ноябри с.2015.
Вернуться назад