Главная > Навидҳо > 100 иншооти нав ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

100 иншооти нав ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон


7-01-2016, 12:20.

Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд бунёду ба истифода додани бештар аз 100 иншоот пешбинӣ шудааст.
Тибқи нақша дар маркази вилоят дар давоми сол ба фаъолият шурӯъ намудани 20 коргоҳи нави истеҳсолӣ, 20 хонаи баландошёна, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои кормандони сохторҳои давлатӣ, меҳмонхонаи замонавӣ, 15 майдончаи варзишӣ, ду толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишӣ бо алафи сунъӣ, 3 кӯдакистони нав бо имкони қабули 240 нафар кӯдак дар ҳар кадоме аз ин боғча, бунёди мактаби нав, 4 чойхона ва тарабхонаю марказҳои хизматрасонӣ дар назар аст.

Вернуться назад