Главная > Навидҳо > Таҷлили Рӯзи Модар дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Модар дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон


8-03-2019, 11:56.
Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар оғоз ҳозиринро Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати шахсии бонувонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда аз дастовардҳои занону духтарон, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Роҳбари кишварамон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Раёсату шӯъбаҳо ва хадамотҳо фаъолияти пурсамар доранд, сухан карда саҳми арзандаи занону модарон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз бонувони тоҷик дар баробари ба дунё овардани тифл, тарбияи фарзанд ва мушкилоти зиндагӣ, боз таъмини суботу оромиро бар ӯҳда доранд, ки ин мояи ифтихор аст.

Имрӯзҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии зан дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар таъмини ҳифзи сарҳадӣ давлатӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд. Сипас аз ҷониби ансамбли ҳарбии «Марзбон» ва сарояндагони эстрадаи тоҷик барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.
Вернуться назад