Главная > Навидҳо > РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК МАРОТИБАИ 25-УМ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир карда мешавад

РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК МАРОТИБАИ 25-УМ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир карда мешавад


5-03-2019, 13:05.
Тавре ҳамагон медонанд, ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март- рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегардид. Соли 1994, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони мамлакат 11 мартро чун Рӯзи матбуоти тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид намуд.

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6 март, соати 14-00 дар ошёнаи 3-юми Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти даврӣ-ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллат» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар ҳамоиш муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои «Аз таърихи таъсиси матбуоти форсӣ-тоҷикӣ», «Мушкилоти саводи расонаӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди пажӯҳишоти илмӣ дар соҳаи матбуоти миллӣ» маърӯза ва муҳокимаронӣ намоянд.

Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд.

Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар ин росто шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бойгонии азими нашрияҳои даврӣ ба шумор рафта, ҳамарӯза ба беш аз ҳазор нафар хонандагон хизмат мерасонад. Кормандони шуъба талош доранд, ки фаъолияташонро дар сатҳи дуруст ба роҳ монда, ба хонандагон хизмати босифату пурсамар расонанд.


Вернуться назад