Главная > Навидҳо > Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш меёбад

Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш меёбад


1-03-2019, 12:28.
Чанде қабл дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба саёҳати зиёратӣ баргузор гашт.

Дар кори Форум зиёда аз 150 нафар намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз 34 мамлакати дунё, аз ҷумла, Миср, Туркия, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Қазоқистон Ҳиндустон, Покистон, Сингапур, Россия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани Форум рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар инкишофи сайёҳии зиёратӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Мақсади ташрифи ҳайати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муҳокимаи лоиҳаҳои муштараке, ки ба рушди иқтидори сайёҳии ду кишвар равона шудааст, инчунин омӯзиши кадрҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Дар заминаи Форум иштирокдорони он аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Ӯзбекистон боздид намуданд.

Тибқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ўзбекистон нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ду давлати ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳуқуқ доранд, ки ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорҳои мутақобилан судманд дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам густариш ёфта истодааст.

Ҳоло ҳамкориҳои байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ амалӣ гардида истодааст.

Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳон зимни саёҳати худ якбора аз се кишвар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.

Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар минтақа дар рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ иқтидори бузург дорад.

Аз ҷумла, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи Шаҳритуз, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мӯъминобод, ёдгориҳои мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан аз зумраи ёдгориҳое мебошанд, ки бо муаррифии онҳо ба рушди сайёҳии зиёратӣ метавон тақвият бахшид.
Вернуться назад