Главная > Навидҳо > Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид


23-02-2019, 11:45.
Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, роҳбарияти ноҳия, сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳо ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона баргузор гардид.

Чуноне масъулини бахши фарҳанги ноҳия иттилоъ доданд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, зикр дошт, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зираку тавоно буда, ҳамеша дар иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи модар-Ватан омода мебошанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 47 нафар хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуки ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ ба ҷамъомади идона ҳусни тоза бахшид.

Дар ин рӯз ҳамзамон раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муовини якуми Раиси вилоят ба қисми низомии №14356 рафта, бо вазъи зисту хизмати хизматчиён шинос шуда, онҳоро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуданд. Инчунин ба чанд нафар афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори раиси ноҳия, чунин ҷамъомадҳои идона бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва оростани дастурхони идона дар 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ва қисмҳои ҳарбии ҳудуди он баргузор гардиданд.




Вернуться назад