Главная > Навидҳо > Дар Мастчоҳ пас аз ду сол дубора калонтарин коргоҳи ресандагӣ фаъол гардид

Дар Мастчоҳ пас аз ду сол дубора калонтарин коргоҳи ресандагӣ фаъол гардид


12-02-2019, 14:08.
Баъд аз ду соли бефаъолиятӣ калонтарин коргоҳи ресандагии вилояти Суғд- «Олим — Текстайлз», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозиву ивази ному соҳибмулк бо бренди фабрикаи ресандагии ҶДММ «Ангубин» аз нав ба кор андохта шуд.

9 феврал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз коргоҳ ва шиносоӣ бо фаъолияти фабрикаи ресандагӣ бо роҳбарону коргарони он суҳбат намуд. Зикр гардид, ки иқдоми пешгирифта ҷиҳати аз нав ба кор андохтани иқтидори истеҳсолии ин коргоҳи азими ресандагии вилоят шоёни таҳсин аст. Раиси вилоят ҳамзамон доир ба ҳадафи чоруми миллии мамлакат — саноатикунонӣ, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат оид ба эълони 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, коркарди ниҳоии пахта дар дохили мамлакат, ташкили шароити мусоиди корӣ ва таъмини коргарон бо маоши мувофиқ сухан гуфт.

Аз ҷумла, вобаста ба захиракунии ашёи хом дар анбори коргоҳ гуфта шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 35 ҳазор тонна тиллои сафед истеҳсол намоянд. Аз ин лиҳоз роҳбарияти коргоҳ вазифадор гардиданд, ки баҳри дар анбор захира намудани миқдори кофии нахи пахта бо хоҷагиву коргоҳҳои пахтақабулкунии ноҳия шартномаҳои саривақтии ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Директори ширкати истеҳсолии ҶДММ «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан, ки асосан ба истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ аз маҳсулоти пахта машғул будаву он пурра маҳсулоти воридотивазкунанда ба ҳисоб меравад, баён дошт, ки коргоҳ азм дорад баҳри пешбурди фаъолияти мусоиди дуҷониба аз маҳсулоти истеҳсолкунандаи ин коргоҳ харидорӣ намояд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби роҳбарияти коргоҳи «Ангубин» хуб пазируфта шуд.

Тавре зимни суҳбат муовини директори генералии фабрикаи ресандагии ҶДММ «Ангубин»- и ноҳияи Мастчоҳ Шариф Неъматов баён дошт, эҳёи дубораи коргоҳи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат рӯи кор омад. Ҳоло коргоҳ дар се баст бо фарогирии 450 нафар ресандагон аз ноҳияи Мастчоҳ ва мутахассисон аз шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуда, ҳамаи онҳо бо либоси корӣ, хӯроки гарм ва нақлиёти хизматӣ таъминанд.

Сехҳои коргоҳ бо технологияи замонавии германӣ муҷаҳҳаз буда, ашёи хомро тибқи шартномаи тарафайн аз коргоҳҳои қабули пахтаи ноҳияи Мастчоҳ мехаранд. Дар коргоҳ дар навбати аввал 10 намуд ришта истеҳсол шуда, дар як шабонарӯз 12 тонна ва давоми сол 6000 тонна нахи пахта коркард мешаванд.

Баъди бо низоми пурра ба кор андохтани фабрика имконият фароҳам меояд, ки 500 нафар занони хонанишини деҳот дар 4 баст ба кор фаро гирифта шаванд.
Вернуться назад