Главная > Навидҳо > Дар Душанбе «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баррасӣ гардид

Дар Душанбе «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баррасӣ гардид


6-02-2019, 13:44.
5 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба татбиқи консепсияи нави «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ёрдамчии Вазир Дилором Содиқова, сармутахассис оид ба масъалаҳои стратегии Дафтари аврупоии минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Шоҳигарии Дания Кристиан Швайзер, ки ҳамзамон роҳбари муваққатии намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инчунин роҳбарону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Насим Олимзода зикр кард, ки «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар доираи амалисозии стратегияи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Маҳз ин дастовардҳо дар раванди таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» ва банақшагирии чорабиниҳои самарабахши минбаъда имконият фароҳам меоранд».

Зимни ҷаласа аз ҷониби ёрдамчии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дилором Содиқова маълумот доир ба раванди тадбирҳои «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар ҷамъомад ба иштирокчиён дар бораи консепсия ва нақшаи фаврии коркарди ин стратегия маълумоти муфассал манзур гардид.
Вернуться назад