Главная > Навидҳо > Сада, Наврӯз ва Меҳргон мардумро ба покӣ, хештаншиносӣ ва дӯстиву рафоқат даъват менамоянд

Сада, Наврӯз ва Меҳргон мардумро ба покӣ, хештаншиносӣ ва дӯстиву рафоқат даъват менамоянд


25-01-2019, 14:04.
  Сада, Наврӯз ва Меҳргон мардумро ба покӣ, хештаншиносӣ ва дӯстиву рафоқат даъват менамояндҶашнҳои суннативу миллии Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз як тараф мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирси нафсонии хеш бо баракати ин ҷашнҳои поки суннатӣ метавонист ғалаба кунад. Ин матлабро ходими калони илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Тоҷинисо Муродова иброз намудааст. Андешаҳои пурраи номбурдаро дар бораи ҷашни бостонии Сада пешкаши хонандагон мегардонем:

Ҷашни Сада яке аз маросимҳои маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-и баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд. Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.

Донишманди шинохта Ҳошими Ризоӣ дар бораи истилоҳи Сада менависад, ки Сада вожаи форсӣ аст. Сада дар забони паҳлавӣ ба шаклҳои мухталиф- сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата омадааст. Дар арабӣ ба шакли сазақ, ё садақ талаффуз мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва авасто истилоҳи сата ба маънои сад, адади сад мебошад. Чунончи, дар форсӣ низ сада ба маънои сад сол дар баробари қарн ба кор меравад.

Ҷашни Садаро мардуми ориёнажод бо роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо оташ афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ меоварданд, ин ид оғоз меёфт. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузурге баргузор мегардид. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар ёрдам мекарданд ва ба ҳамин тартиб, ҷашни Сада барпо мегардид. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он анъана будааст.

Ба ҳамин минвол, аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чиҳил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана барои кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардани ҷӯйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо тадбирҳои махсус меандешиданд.

Бинобар ин Сада ва таҷлили он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи нигкони мо қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада- ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар давоми сол мебошад.

Ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти меҳнатии ниёгонамонро давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа дараҷаҳои ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардиданд.


Вернуться назад