Главная > Навидҳо > Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад


20-01-2019, 09:15.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ тасдиқ гардид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз — 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ ва дар ин замина, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадимии халқи тоҷик, имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» маротибаи дуюм дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар он рақсу сурудҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастии ҳунармандон, косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, бозиҳои хоси наврӯзӣ, аз ҷумла, гӯштингирӣ, бандкашӣ, хурӯсҷанг, кабкҷанг, шеърхонӣ ва байтбараки ҷавонон, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазии тоҷикон дар танӯрҳо, хӯрокҳои миллии хоси наврӯзӣ, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, ҷараёни омодасозии маҳсули дасти онҳо ва намоиши созҳои мусиқии миллӣ ба маъраз гузошта хоҳанд шуд.
Вернуться назад