Главная > Навидҳо > Имсол дар шаҳри Душанбе шаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд

Имсол дар шаҳри Душанбе шаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд


21-01-2019, 09:13.
Соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар арафаи рӯзҳои ид шаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд.

Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ярмаркаҳои мазкур бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ доир карда мешаванд.

«Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2019, ки бо қарори мазкур тасдиқ гардид, имсол дар арафаи рӯзҳои иди байналмилалии Наврӯз, Рамазон, Қурбон, Истиқлолияти давлатӣ, Меҳргон ва Соли нав – 2020 ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум доир карда мешаванд»,- илова намуд манбаъ.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмаркаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Вернуться назад