Главная > Навидҳо > ВАРЗИШ – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ. Ба 42 нафар варзишгарони Тоҷикистон унвонҳо тақдим гардиданд

ВАРЗИШ – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ. Ба 42 нафар варзишгарони Тоҷикистон унвонҳо тақдим гардиданд


14-01-2019, 13:49.
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 42 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои «Номзад ба устоди варзиш», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ
хабар дод.

Зикр шуд, ки шаҳодатномаҳо зимни ҷамъомад аз ҷониби муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ва сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров тақдим гардиданд.

Ризо Назарзода аз номи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирокчиёнро барои сазовор шудан бо унвонҳои навбатӣ таҳният гуфта, аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки «хушбахтона, соли 2018 сафи гирандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон аз миёни ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 3 маротиба бештар шуда, ба 76 нафар расид.

Имрӯз барои тамрини варзишгарон тамоми шароит муҳайё гардида, хусусан ду соли охир бо супоришу ҳидоятҳои Пешвои миллат ва дар доираи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт қариб 200 иншооти варзишӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани садҳо иншооти дигари варзишӣ дар назар аст. Варзишгаронро мебояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба тамрин машғул шуда, барои муаррифии шоистаи Ватани маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ талош кунанд».

Ҳамин тариқ, 4 нафар бо унвони «Номзад ба устоди варзиш», 35 нафар бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» ва 2 нафар бо унвони «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Сипас, иштирокчиёни ҷамъомад осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро тамошо карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос шуданд.
Вернуться назад