Главная > Навидҳо > ДАРАХТ БИНШОН! Маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон вусъати тоза мегиранд

ДАРАХТ БИНШОН! Маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон вусъати тоза мегиранд


8-01-2019, 10:53.
Дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст, ки дар доираи он корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо бомаром идома дорад. Сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Хосатан, вусъати ин маъракаи муҳим дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана зимни корҳои ободонӣ дар маъракаи шинонидани ниҳолҳо дар кӯчаи Саид Валиеви маркази маҳалла фаъолона иштирок доранд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дирӯз дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин рӯз аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроия беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Инчунин дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»- Гулистон низ ҳашари ниҳолшинонӣ ҷараён гирифта, дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва хоҷагии коммуналӣ иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз дар шафати кӯчаи асосии маркази шаҳри Гулистон, атрофи майдончаи варзишӣ ва беморхонаи марказӣ дар масофаи тақрибан 500 метр 70 бех дарахти ардач ва 40 бех санавбар шинонида шуд.

Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома доранд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани Фестивали вилоятии гули лола корҳои омодагӣ бомаром идома дошта, айни замон шинонидани тухми гули лола дар мавзеъҳои пешбинишуда оғоз гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар маркази вилоят шинонидани беш аз як миллион дона гули лола ва ҳамин миқдор гули садбарг дар назар дошта шудааст.
Вернуться назад