Главная > Навидҳо > Дар гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Дар гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад


2-11-2018, 11:35.
Бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмиру навсозӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шурӯъ аз 2 то 30 ноябри соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ, аз бурриши кӯчаи Борбад то бурриши кӯчаи М.Қосимов муваққатан қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин муддат ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода бурда, талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро риоя намоянд.
Вернуться назад