Главная > Навидҳо > Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон


7-12-2015, 14:02.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Хабари сӯхтор дар платформаи нафти «Гюнешли» дар Баҳри Хазар, ки боиси талафоти одамон гардид, моро андӯҳгин кард.
Хоҳишмандам, ҷаноби Президент, тасаллияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, изҳори ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».
Ёдовар мешавем, ки 4-уми декабр дар платформаи баҳрии «Гюнешли»-и Озарбойҷон бар асари тӯфони шадид, ки ба хати газ осеб расонд, сӯхтор сар зад. Дар айни замон теъдоди бедаракгаштагон 29 нафар арзёбӣ шуда, ба ҷустуҷӯи онҳо чархболҳо, киштиҳо ва дастаи ғаввосон сафарбар гардидаанд.
Бино ба маълумоти ахир, ҷасади 1 нафар пайдо гардидааст.
Вернуться назад