Главная > Навидҳо > Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҳиндустон Рам Натх Ковинд

Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҳиндустон Рам Натх Ковинд


9-10-2018, 14:11.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо барои татбиқи амалии созишномаҳои дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасида ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.
Вернуться назад