Главная > Навидҳо > Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ ҷараён дорад

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ ҷараён дорад


9-10-2018, 09:47.
8 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо масоили вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмон, аз ҷумла масъалаҳо ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаро ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ баррасӣ менамоянд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои СҲШ то 10 октябри соли 2018 кори худро идома медиҳад.


Вернуться назад