Главная > Навидҳо > То соли 2020 шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба 1 млн нафар расонида мешавад

То соли 2020 шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба 1 млн нафар расонида мешавад


8-10-2018, 10:01.
То соли 2020 шумораи сайёҳони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифоваранда ба 1 млн. нафар расонида мешавад. Дар ин бора дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гуфта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид – инфрасохтори бахши сайёҳӣ фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти беш аз сад ширкати сайёҳӣ, чор фурудгоҳи байналмилалӣ, ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ, 170 меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, се меҳмонхонаи дорои бренди ҷаҳонӣ, марказҳои сайёҳии иттилоотӣ далели ин гуфтаҳоянд, ки ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат менамоянд.

Дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз 135 кишвари ҷаҳон 950 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 592 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон меоянд, 80 фоизашон аз минтақаи Бадахшон боздид менамоянд.

Ба андешаи мутахассисон, Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд дорад. Ҳавои софу беғубор, табиати дилрабо, кӯҳҳои сарбаафлок, рӯдҳои хурӯшон ва мардуми меҳмоннавози он омилҳои ҷалби садҳо ҳазор нафар сайёҳанд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ буда, муаррифи фарҳангу таърихи ғании кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони азиз бо иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффову шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиаташ макони беҳтарини сайругашт аст. Захираҳои сайёҳии кишвар барои рушди навъҳои гуногуни туризм, аз қабили экологӣ, фарҳангию таърихӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва сайругаштӣ имконияти фарох фароҳам овардаанд.

Рушди саёҳати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз захираҳои табиӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад.

Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ, саёҳати экологӣ дар 10 соли охир байни сайёҳон бештар машҳур гашта, яке аз намудҳои устувори рушд дар мамлакатҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.

Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳии мамлакат нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ (93 фоиз кӯҳҳо) дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзараҳо, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғҳо, наботот, ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.

Соли 2015 дар тамоми ҷаҳон қариб 1 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудаанд. Мувофиқи пешбинии мутахассисон, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,6 миллиард ва то соли 2030 ба 2 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад.

Дар ин радиф, суръати солонаи рушди иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда 2,2 фоиз ва дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ду маротиба зиёд, яъне 4,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки то соли 2020 шумораи сайёҳони мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда афзоиш меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 инҷониб дар чорабиниҳои ин созмони бонуфуз иштирок менамоянд. Шомил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ин ташкилоти бонуфуз барои ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ гузоштааст.

Дар ин раванд бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои туристӣ муаррифӣ шаванд.
Вернуться назад