Главная > Навидҳо > Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард


7-10-2018, 14:55.
Имрӯз, 7 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковиндро муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари серӯзаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Ҳундустон баргузор хоҳанд шуд.
Вернуться назад