Главная > Навидҳо > «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ»-таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид

«Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ»-таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид


5-10-2018, 10:37.
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нашриёти «Эр – граф» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ» китоби ду тан аз олимони тоҷик- Ҳаким Мирсайидзод ва Сиёвуш Наботовро мунташир кард.

Рисола ба таҳлили таърихи сарварӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарварӣ ва рушди давлатдории навини миллии тоҷикон бахшида шудааст.

Дар китоб таърихи ниҳоди сарварӣ, натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ инъикос ёфтаанд.

Сиёвуш Наботов, яке аз муаллифони рисола дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди Ховар таъкид намуд, ки китоб аз ду боб иборат аст. Боби аввал ба мавзӯи “Сарвар ва сарварӣ дар тафаккури илмӣ” ва боби дуюм ба “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сарварӣ ва рушди давлатдории миллӣ” рабт дорад.

Рисола нашри илмӣ – оммавӣ буда, зери таҳрири доктори илмҳои фалсафа, профессор М. Гулаҳмадов ва доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Б. А. Сафарзода чоп шудааст.

Аз рисолаи мазкур доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон, ҳуқуқдонон, кормандони соҳаи илм, хизматчиёни давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба масоили илмӣ ва фаъолияти идории давлатӣ рағбат доранд, баҳраманд шуда метавонанд.


Вернуться назад