Главная > Навидҳо > «УМРИ МИЛЛАТ АЗ УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ». Дар Душанбе Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

«УМРИ МИЛЛАТ АЗ УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ». Дар Душанбе Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад


3-10-2018, 12:00.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода иброз дошт, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабинии мазкур дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ –амалӣ, аз ҷумла, маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» ва конференсия бо номи «Забон – омили пойдории миллат», инчунин доир намудани барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шудааст.

А. Ҳакимзода зикр намуд, ки тибқи қарори мазкур бо мақсади арҷ гузоштан ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб гардида, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар ин мавзӯъ барнома ва маводи ҷолиб омода созанд. Инчунин тамоми муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Тибқи қарори дахлдор, масъулин, аз ҷумла, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.


Вернуться назад