Главная > Навидҳо > Рӯзи Парчами миллӣ муборак бод, тоҷикистониёни азиз!

Рӯзи Парчами миллӣ муборак бод, тоҷикистониёни азиз!


24-11-2015, 12:43.

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мешавад. Дар робита бо ин, роҳандозии бархе чорабиниҳо дар назар аст.
Дар пойтахти кишвар роҳпаймоии ҷавонони байрақбардор аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то майдони ба номи «Дӯстӣ» сурат мегирад.
Бегоҳии имрӯз дар «Наврӯзгоҳ» - и пойтахт роҳпаймоии ботантана ва консерт бо иштироки 8 ҳазор нафар сокинони Душанбе баргузор мегардад.
Дар ҳошияи иди рӯзи Парчами миллӣ доир намудани намоишгоҳҳои китоб, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо бахшида ба таърихи парчами Тоҷикистон дар назар аст.
Дар ин рӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа роҳпаймоии ҷавонон, сокинони шаҳр, намояндагони созмонҳои вилояту шаҳр пешбинӣ шудааст. Иштирокдорони роҳпаймоӣ аз чор гӯшаи шаҳр сӯи майдони марказӣ ҳаракат мекунанд. Сипас дар ин ҷо сайругашти оммавӣ баргузор шуда, барномаи консерт намоиш дода мешавад.
Дар вилояти Суғд Рӯзи парчами миллии кишварро дар шаҳри Хуҷанд бо роҳпаймоии идонаи беш аз 8 ҳазор нафар сокинон таҷлил менамоянд. Онҳо парчами 500 метраро аз дарвозаи ҷануби шарқӣ то маркази шаҳр мебаранд.
Дар маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» маросими ботантана ва консерти идона бо иштироки ҳунарпешагони маъруфи вилоят баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибихтиёрии давлатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХV1 Шӯрои олии кишвар қабул шуда буд. Рангҳои сурх, сафед ва сабзи он маънои мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед ва покизагӣ, саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сабзу хуррам гардонидани Ватанро доранд. Ҳафт ситораи секунҷадори парчам рамзи давлати соҳибихтиёру мустақиланд.
Парчами давлатӣ ҳангоми роҳандозии тадбирҳои расмии давлатӣ, фарҳангию варзишӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳаёти рӯзмарраи ҳар узви ҷомеа мақоми муҳимро касб намудааст.
Тоҷикистон ба туфайли парчам бори нахуст дар Китоби рекордҳои Гиннес ҷой гирифт. 9 сентябри соли 2011 дар маросими ботантана дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20 - солагии истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар дар пояи 165 метраи балантарин дар ҷаҳон (рекорди пештараи баландии 162 метра мутааллиқ ба Озарбойҷон аст) овехта шуд. Ҳаҷми парчам 60 бар 30 метр буда, камаш 700 килограмм вазн дорад.
Вернуться назад