Главная > Навидҳо > Ҳафтаи синамои Русия дар Тоҷикистон

Ҳафтаи синамои Русия дар Тоҷикистон


24-11-2015, 12:40.
Ҳафтаи кинои Русия дар Тоҷикистон бо намоиши филмҳои бадеӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия, воқеъ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Тавре ки дар намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, намоиши филмҳои бадеии Русия барои омӯзгорону хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Ҳадафи чорабинии мазкур интишори арзишҳои фарҳанг, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром гузоштани осори таърихию фарҳангӣ мебошад.
Дар ҷараёни ҳафта 24 ноябр филмҳои бадеии «Қандаҳор», 25 ноябр «Мангул», 26 ноябр «Мо аз ояндаем» ва 27 ноябр «Офтоби сӯзон биёбон» намоиш дода мешаванд.
Вернуться назад