Главная > Навидҳо > Парчам рамзи давлатдорию худогоҳист

Парчам рамзи давлатдорию худогоҳист


20-11-2015, 16:10.
Яке аз рамз ва нишонаҳои асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон ин Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. 23-сол боз ин ҷониб мардуми шарафманди кишвари маҳбубамон зери партавафшонию ҷилваи Парчами давлатӣ- яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллию давлатӣ кору зиндагонӣ доранд. Дар ин муддат дар баробари он ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлоли сайёраи замин бо баландии 165 метр ҳамчун яке аз парчамҳои баландтарин дар ҷаҳон эътироф гардида, бо ин шаҳомат ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда бошад, пас муҳимтар он аст, ки тайи ин солҳо дар бисёр аз самтҳои соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт рамзу муждаи дастоварду комёбӣ ва муваффақиятҳои зиёди шаҳрвандону кишвар эътироф гардид.
«Парчам» вожаи суғдӣ буда, дар гузашта маънои зулфу кокул ва пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови куҳиро, ки ба нӯги дирафш ё найза мебастанд, ифода менамуд. Вожаи мазкур бо мурури замон аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва пасон ба забони форсӣ гузашта, ҳамчун «дирафш» шуҳратёр шуд. Бори аввал вожаи «дирафш» дар замони давлатдории ориёиҳо дар қадимтарин осори адабиёти тоҷику форс, китоби муқаддаси зардуштия- ойини халқҳои эронинажоди қадим «Авесто» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар амалиёти ҳарбии байни юнониҳову форсҳо (асри 5-и то милод) парчам ҳамчун рамзи иттиҳоду давлатдорӣ зикр шудааст.
Мафҳуми «Дирафши ковиёнӣ» ҳамчун рамзи парчам ва тимсоли давлатдории ниёгонамон бо номи «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёдовар мешавад. Парчам ифодагари иттиҳоду муттаҳидии халқу миллатҳо, дар тули ин солҳо халқу миллатҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз кардааст.
Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши Ковиёнӣ» ва ё «Ахтари Ковиёнӣ» агар ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон дар давоми ин ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда бошад, пас дар давоми танҳо сад соли охир (аз соли 1920 ин ҷониб) гузаштагонамон бо сабабҳои маълуми сиёсию таърихӣ давлатдорию иттиҳоди худро зери парафшонии 11 парчами бо тарҳу шаклҳои гуногун, вале рамзу асолати миллию давлатдоридошта, таҷассум намудаанд.
Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 23-сол боз ин ҷониб давлати Тоҷикистону халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр муаррифӣ менамояд, ифтихори ҳар як соҳибватан аст. Моҳияти Парчами миллӣ дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ карда шудааст, дарҷ гардидааст.
Дар Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кӯшоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон дар доираи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ҳамоишҳои гуногуни илмию таълимӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ва қариб ҳар рӯз дар кишварамон дар самту соҳаҳои гуногун ба шарофати дастовардҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ Парчами миллӣ парафшон мегардад.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст. Парафшонию ҷилваи Парчам нерӯи тавонои ҷаҳони маънавӣ, қуввати дилу дидаи ҳар як соҳибватан аст. Парафшонии Парчам таҷассуми ҳастии давлату миллат, пойдорию устувории он аст. Парчам ҳидоятгари сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва шукуфоиву сарсабзӣ аст.
Бо назардошти муҳимияту аҳамияти яке аз унсурҳои Муқаддасоти Ватан- Парчам мо соҳибватанон вазифадор ва уҳдадор ҳастем, ки ҳомии ҳастӣ, устуворӣ ва пойдории Парчам бошем, зеро он рамзи соҳибистиқлолию озодии кишвар ва ватандӯстию ватанпарастӣ аст. Парчам рамзи ватандорӣ, иттиҳод, пирӯзӣ, ҳамдилӣ, ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, баҳамоӣ, дӯстӣ, сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва сарсабзию шукуфоии ҳар яки мост. Пойдорӣ ва парафшонии Парчам ҳидоят ба фардои ватани шукуфону гулафшон ва дурахшон аст.

Р. Сангов
Вернуться назад