Главная > Навидҳо > Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад

Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад


30-08-2018, 10:25.
31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад. Дар доираи ин ҷаласа имрӯз, 30 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ оғоз мегарданд.

Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуданд, ки дар доираи ҷаласаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи кории ҳайатҳо низ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, 29 август ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дидан карданд.

Интизор меравад, ки дар доираи ин ҷаласа мулоқоти Вазири иқтисод ва тиҷорати давлати Қатар бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардад.
Вернуться назад