Главная > Навидҳо > Журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд

Журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд


11-08-2018, 16:20.
Журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд. Агарчи дарвозаи Қалъаи Ҳисор умри 500-сола дошта бошад ҳам, пойдевори он таърихи зиёда аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон дорад. Аз ин макон аслиҳаи даврони санг пайдо гардидааст.

Тавре иттилоъ дода будем, роҳбарони вазорату кумитаҳои сайёҳии мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якҷо бо журналистони агентиҳои иттилоотии давлатиии кишварҳои ИДМ бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ на танҳо бо деворҳои Қалъаи Ҳисор, балки бо арк ва майдонҳои он, хона, майдони машқи сарбозон ва аспони онҳо шинос шуданд.

Онҳо ҳамчунин аз нигораҳои Осорхонаи таърихии водии Ҳисор дидан карданд. Сайёҳон ҳамчунин бо сохтмон ва меъмории биноҳои Масҷиди сангӣ, Мақбараи Махсуми Аъзам аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Барои сайёҳон дидани маъракаи домодию арӯсии сокинони шаҳри Ҳисор писанд омад. Дар саҳни Қалъаи Ҳисор ҳамарӯза даҳҳо ҷуфти хушбахт тӯйи домодиву арӯсӣ барпо намуда, бо карнаю сурнай шодию хурсандӣ мекунанд. Ин низ яке аз роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон ба Қалъаи Ҳисор маънидод карда шуд.

Фурӯши армуғонҳои гуногун, зардӯзиҳо, тоқӣ ва рӯймолҳои дӯхти тоҷикона яке аз самтҳои дигари фаъолияти Қалъаи Ҳисор муаррифӣ карда шуд.

Бино ба гуфтаи директори Осорхонаи таърихии водии Ҳисор Зикрулло Ҷобиров танҳо дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳмонону сайёҳон аз Қалъаи Ҳисор боздид намудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Директори Департамент оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Андрей Молчан мулоҳизаҳои худро оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуда, аз ҷумла гуфт: «Мундариҷаи маълумотномаи роҳбалади Қалъаи Ҳисор Акмал Ҳайдаров аз ҷиҳати таърихӣ хеле ҷолиб мебошад».

Воқеан ҳам дар Қалъаи Ҳисор меҳмонон бо таърихи сеҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шуда, осори таърихии даврони Аморати Бухоро, Бекигариҳои Аморат дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, сарнавишти талхи Амир Олимхон, ки шаш моҳ дар Қалъаи Ҳисор иқомат карда, сипас ба Афғонистон фирор намудааст, шинос шуда, ғизои маънавӣ бардоштад.

Бо ҳамин тартиб журналистони ИДМ ба фаъолияти сайёҳии Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд.


Вернуться назад