Главная > Навидҳо > Ба имзо расидани санадҳои ҳамкории сайёҳӣ

Ба имзо расидани санадҳои ҳамкории сайёҳӣ


2-07-2018, 15:56.
Дар натиҷаи мулоқот ва гуфтушунидҳои иштирокдорони “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чандин кишварҳои хориҷӣ 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 30 июн ва 1 июл “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар кори Форум зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, бо шумули роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

“Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мубодилаи афкор ва густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои “Шоҳроҳи абрешим”, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб меёбад.

Дар қисмати ифтитоҳии Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Исфара Сиҷовуддин Саломзода, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ва имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешниҳодгардида маълумот дода, гуфт, ки имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирию ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва кашфи бозорҳои нави байналмилалӣ корҳои зиёд амалӣ намуда истодааст ва ҳамоиши имрӯза низ дар ҳошияи ҳамин тадбирҳо роҳандозӣ гардид.

Дар нимаи дуюми рӯз Форум кори худро дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои “Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ: дастовард ва мушкилот”, “Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- муаррифи симои сайёҳии кишвар” ва “Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон” идома дода, иштирокдорон дар доираи мавзӯъҳои болозикр баромад карданд ва миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар кори бахшҳо Рашид Камол — роҳбари ширкати сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб “Бин Муса трейвл”, Бабур Ризаев — роҳбари ширкати сайёҳии Қазоқистон “КИТО” , Дамир Ахмедов — роҳбари ширкати сайёҳии Ӯзбекистон “Атлас авиатур”, Беҳруз Узоқов-мушовири агентии намояндагии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JACA)дар ҶТ ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба сатҳи баланди баргузории ҳамоиш, меҳмоннавозии тоҷикона ва табиати нотакрори кишвари мо андешаронӣ карданд.

Дар поёни Форум аз кори он натиҷагирӣ карда шуда, Изҳороти Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қабул карда шуд.

Дар баробари ин, дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва мулоқоту суҳбатҳо 21 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шумули “Ҷавоҳир тур”, “Куҳандиз”, “Панҷакент интур”, “Бозори Вору”, “Нодир тур”, “Ориён эдвентур”, “Скай тур”, “Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ” ва “Сайри мунк” бо ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб “Эйшн голф трейвл”, “Бин Муса трейвл” ва “Омер тревл эҷенсӣ”, ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон “Скай вей” ва “КИТО”, “Атлас авиатур” аз Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд, ки дар рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ нақши бориз хоҳанд дошт.

Баъд аз анҷоми Форум дар саҳни осоишгоҳи “Зумрад” намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуда, иштирокчиён аз он дидан намуданд. Аз меваҳои шаҳдбори кишвари мо чашида, аз тамошои намунаи маҳсули меҳнати дастии ҳунарҳои қадимии миллӣ лаззат бурданд.

Аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Исфара барои иштирокчиёни “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барномаи ҳунарии рангину хотирмоне баргузор карда шуд, ки дар он дар баробари муаррифии санъати волои тоҷикон, рақсу сурудҳои халқияту миллатҳои гуногун низ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Рӯзи якуми июл иштирокдорони ҳамоиш ба тамошои шаҳри Исфара рафта, аз боғи калони зардолу дидан намуданд ва шурӯъ аз ҷамъоварии ҳосили зардолу то ба бандубасти он ҷиҳати содирот шинос шуданд. Қобили зикр аст, ки шаҳри Исфара ҳанӯз аз замони иттиҳоди Шӯравӣ бо зардолуи худ машҳур буд ва имрӯз низ яке аз содироткунандагони асосии меваи хушк дар кишвар ба шумор меравад.

Зимни тамошо аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Исфара ба меҳмонони хориҷӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Иштирокдорони “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо таассуроти рангин ва хотироти ширин ба кишварҳои худ баргаштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки баргузории чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Норак низ дар назар аст ва дар он намояндагони кишварҳои бештари минтақа ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Вернуться назад