Главная > Навидҳо > Дар Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ чандин иншооти иҷтимоӣ ифтитоҳ мегарданд

Дар Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ чандин иншооти иҷтимоӣ ифтитоҳ мегарданд


23-06-2018, 17:21.
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд ба истифода додани чанд иншооти иҷтимоию иқтисодӣ дар назар аст.
Аз ҷумла, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар заминаи ҶДММ «Арча» коргоҳи нав бо номи «Арча-мебел» ки он дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Туркия рӯи кор омадааст, фаъол мегардад. Инчунин дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳр низ ба истифода додани 2 муассисаи таълимии томактабӣ, яке барои 320 кӯдак ва дигаре барои 240 нафар ва аз ҷониби ширкати «Иморатсоз» ифтитоҳи маҷмааи хонаҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо, чойхона ва кошонаи ҳусн низ дар назар аст.

Ин нукта зимни баргузории иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баён гардид.

Ҳамчунин зимни иҷлосия вобаста ба иҷрои қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шуд, ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳр дар самти дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ оид ба ободониву чароғонкунӣ, бунёдкориву созандагӣ ва таъмири биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, рӯзҳои шанбе ҳашари умумишаҳрии ҷавонон таҳти шиори «Мо – ҷавонон Тоҷикистони маҳбубамонро сабзу хуррам мегардонем» гузаронида шуда, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи май озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» аз рӯи 4 шарт доир гардид.

Дар маҳаллаҳои «Масҷиди савр», «Ҷаббор Расулов» ва «Хуҷанд» марказҳои дӯзандагӣ ба истифода дода шуда, бинои Маркази саломатии №4 низ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Ҳамчунин баҳри иттилоотонии аҳолии маркази вилоят ва беҳтар намудани фаъолияти радиои маҳаллӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 13 адад баландгӯякҳо насб гардида, инчунин барои насби боз 50 нуқтаи радиошунавонӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Вобаста ба масъалаҳои ташкиливу сохтмони иншооти мухталиф бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баён дошт, ки дар ин радиф бунёду навсозии чанд иншоот, аз ҷумла, навсозии Қалъаи Хуҷанд, бунёди Боғи фарҳангии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳр, навсозии меҳмонхонаи овозадори «Ленинобод» ва бунёди роҳи танобӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин аз тарафи соҳибкорон беш аз 20 адад иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, ба истифодадиҳии корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар назар аст.
Вернуться назад