Главная > Навидҳо > Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд


12-06-2018, 15:25.
Нимаи дуюми имрӯз ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз наздик шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Ин нерӯгоҳ бо истеҳсоли «нерӯи сабз», яъне бе партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ яке аз беҳтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.


Вернуться назад