Главная > Навидҳо > Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт


11-11-2015, 10:11.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахтҶашнгоҳи асосии таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон Наврӯзгоҳи пойтахт буда, дар ин ҷо 24 ноябр аз соати 17:00 бо ҳузури 8 ҳазор сокини пойтахт, ки дар дасти ҳар яке парчами миллӣ хоҳад буд, барномаи идонаи фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки дар Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии ҷавонону донишҷӯёнро аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то майдони «Дӯстӣ»- муҷассамаи Исмоили Сомонӣ /Маҷмааи ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон/ ташкил намояд. Дар иртибот ба ин барои фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани роҳпаймоӣ аз соати 11:00 то 15:00-и 24 ноябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳое, ки бо майдони «Дӯстӣ» тавассути хиёбони Рӯдакӣ пайвастанд - кӯчаҳои Шероз, Шоҳтемур, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ муввақатан қатъ мегардад.
Инчунин дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар тамоми мақомот ва иншооти давлатӣ, биноҳои баландошёна, идораву муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ Парчами давлатӣ насб карда мешавад. Шаҳрдорӣ ҳамзамон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ баргузорсозии чорабиниҳои мухталифи фарҳангию варзиширо тарҳрезӣ намудааст.


Вернуться назад