Главная > Навидҳо > Дарёи Ому барои тавлиди энергияи барқ хеле муҳим аст

Дарёи Ому барои тавлиди энергияи барқ хеле муҳим аст


11-11-2015, 10:07.
Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 таҳти шиори Дастгирии татбиқшавӣ ва мониторинги рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи кишварҳои-аъзои СПЕКАва ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СПЕКА дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) имрӯз ба кори худ оғоз карда, то пагоҳ идома хоҳад ёфт.
Муовини раёсати ҳамкории минтақавии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон Нақибулло Ҳафизӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ Ховар чунин ибрози андеша намуд: Ман хеле хурсандам, ки имрӯз дар чорабинии СПЕКА иштирок дорам. Дар ҷараёни мулоқоти дурӯза мо умед дорем, ки масъалаҳои минтақа ва Афғонистонро муҳокима намуда, роҳи ҳалли мушкилоти мавҷударо пайдо намоем. Барои мо хеле муҳим аст, ки робитаамонро бо Осиёи Марказӣ беҳбуд бахшем, зеро аз тариқи Осиёи Марказӣ мо ба Аврупо васл мешавем. Хамчунин мо баҳри энергияи барқ робитаро бояд ба роҳ монем.
Имрӯз ман дар баёнияи худ зикр намудам, ки мо иконияти таҷдиди барқро дар Афғонистон дорем, аммо то вақте ки мо барқро тавлид накунем, онро аз Осиёи Марказӣ ворид хоҳем кард. Масъалаи муҳиме, ки мо мехоҳем ин ҷо баррасӣ кунем, мавзӯи дарёи Ому аст, ки байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавқеъ дорад. Ин дарё барои тавлиди энергияи барқ хеле муҳим аст ва мо кӯшиш мекунем ин масъаларо бо давлати Тоҷикистон баррасӣ намуда, роҳи ҳалли мантиқии онро пайдо кунем.
Хотиррасон мекунем, ки барномаи СПЕКА аз 7 кишвари аъзо- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аст.
11 ноябр ҷаласаҳои Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 ва Шӯрои роҳбарикунандаи он ба анҷом расида, дар асоси хулосаҳо ва тавсияҳои муҳими дахлдор ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА барои баррасӣ ва татбиқ пешниҳод мешаванд.

Вернуться назад