Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона мегузаронанд

ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона мегузаронанд


28-03-2023, 09:43.
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона мегузаронандИмрӯз, 28 март дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол бозии навбатии дӯстона анҷом медиҳанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Кувайт дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Кувайт баргузор шуда, соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:59 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Дар остонаи бозии дӯстона бо дастаи миллии Кувайт дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт тамринҳои пеш аз бозиро анҷом дод.

Қаблан дар сатҳи дастаҳои мунтахаби миллӣ ин дастаҳо танҳо як маротиба – 6 декабри соли 2004 дар доираи бозии дӯстона дар Ал-Кувайт вохӯрда буданд. Он рақобат бо пирӯзии дастаи Кувайт – 3:0 анҷом ёфта буд.

Бозии дӯстона

28 март (сешанбе)

Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе

Кувайт – ТОҶИКИСТОН

Ал-Кувайт, Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Вернуться назад