Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад


28-03-2023, 08:38.
Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад 29-30 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони зиёда аз 16 давлати ҷаҳон доир мешавад.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Вернуться назад