Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Ба сокинони ноҳияи Ишкошим дар ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд

Ба сокинони ноҳияи Ишкошим дар ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд


24-03-2023, 17:35.

Сокинони ноҳияи Ишкошим Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бонавбат дар ҳар як ҷамоат пешвоз мегиранд. Ин дафъа ин иди ҷаҳониро дар маркази Ҷамоати деҳоти Вахони деҳаи Вишхарв бо риояи ҳамаи суннатҳои қадимаи тоҷикони ноҳияи Ишкошим пешвоз гирифтанд. Сокинони ноҳия субҳи Наврӯзро бо найнавозӣ ва сурудани як навъи фалак оғоз менамоянд. Ин даъфа ҳам ин ойини қадимӣ риоя гардид, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Қисмати асосии ҷашни наврӯзӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Вахон доир шуд. Ба хотири ин рӯзи саид майдону кӯчаҳо ва пайроҳаҳои деҳа бо шиору овезаҳо оро дода шуданд.

Дар ин рӯзи фархунда ба сокинони водии Вахон дар баробари муждаи наврӯзӣ хабари дигари хуш расид. Бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 мошинаи дӯзандагӣ, як мошини ёрии таъҷилӣ, ду автобуси мусофиркаш ва асбоби тақвияти овоз ба сокинони водии Вахон супорида шуд.

Водии Вахон бо ҳунарҳои мардумӣ машҳури на танҳо Бадахшон, балки тамоми Точикистон буда, бархе аз намунаҳои ҳунарҳои дастии онҳо ҳатто дар хоричи мамлакат низ борҳо муаррифӣ гаштааст. Дар ҳоле, ки дар дигар кисмати Бадахшон ҳунари қадимии палосбофӣ аз байн рафтааст, аммо дар водии Вахон он ҳанӯз побарҷост. Тоқидӯзӣ, чӯроббофӣ, мӯҳрабандӣ, тавлиди асбоби гуногуни мусиқӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи бонувони чирадаст ва устоҳои босалиқа ба намоиш гузошта шуд. Ҳар яки аз ин маҳсулот хусусияти хос дошта, дорои рамзҳои гуногун мебошад, ки аз умки таърих сарчашма мегиранд. Бештари аз ин армуғонҳо мутобиқи шавқи сайёҳони ватаниву хориҷӣ сохта шуда, дар аксарияти меҳмонхонаҳои хурди деҳаҳо ба намоишу фурӯш гузошта шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»


Вернуться назад