Главная > Навидҳо > РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Марокаш нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Марокаш нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид


18-03-2023, 09:50.
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Марокаш нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид16 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба омодагӣ ба Конфронси оби қарибулвуқуи СММ, ки дар пойтахти Подшоҳии Марокаш — шаҳри Работ баргузор шуд, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст доир ба пешоҳангии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа ва «Раванди оби Душанбе» ном гирифтани рӯзномаи обии СММ ба таври муфассал иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба мамлакаи болооб ва дорои захираҳои азими обӣ будан, Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти монанд ба обшавии босуръати пиряхҳо, селу обхезӣ, ярчу тарма ва таҷрибаву маҳорати ҳалли чунин душвориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурдаи босамар ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин тазаккур дода шуда, ки ҳайати воломақом ва бонуфузи Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ, ки зери раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҷараён хоҳад дошт, чорабиниҳои сершумори каноравӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз низ баргузор хоҳад намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вернуться назад