Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд


16-03-2023, 16:41.
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шудРӯзҳои 10 – 16 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вернуться назад