Главная > Навидҳо / Муқовимат ба терроризм, экстремизм ва коррупсия > Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд


16-03-2023, 10:01.
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳандТоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд. Масъалаи мазкур 14 март дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак густариш диҳанд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вернуться назад