Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид


15-03-2023, 15:32.
Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Созишномаҳои мазкур дар доираи баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гардида, дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.

То имрӯз дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат қариб 70 созишнома ва ёддошт оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории имрӯзаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон метавонад ба ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд. Робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва байналмилалии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки ин аввалин вохӯрии дастҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои ду давлати бародар буд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар робита ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 30 майи соли 2022 ба роҳ монда шуд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 13 то 15 март дар доираи ҳамкории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Вернуться назад