Главная > Навидҳо > Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Ёвон

Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Ёвон


9-11-2015, 10:25.

5 ноябри соли 2015 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия Амирбеки Темур, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия чорабинии идона ба ифтихори 21- умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси ноҳия аҳли нишаст ва сокинони ноҳияро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, гуфт: «Сарқонуни Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипҳои озодӣ ва демократия устувор аст. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Сарқонуни кишвари мо омили асосии ифодаи ҳадафҳо ва рушду такомули давлату давлатдорӣ буда, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда мебозад».
Тибқи қарори раиси ноҳияи Ёвон дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тантанаҳои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 21- умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд.


Вернуться назад