Главная > Навидҳо / Истиқлолият > 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорону саховатпешагони деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён роҳу мактаб месозанд

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорону саховатпешагони деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён роҳу мактаб месозанд


6-02-2023, 15:49.
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорону саховатпешагони деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён роҳу мактаб месозандГурӯҳи соҳибкорону ташаббускорони Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон 5 км роҳи мошингарди деҳаро дар кутоҳтарин вақт асфалтпӯш намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Аз ин пеш ин соҳибкорон дар назди мактаби деҳаи Заркамар бинои иловагии таълимиро, ки аз ду ошёна ва 4 синфхона иборат мебошад, сохта ба истифода доданд. Бо бунёди ин синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби мазкур камбуди норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон бартараф гардид.

Ёдовар мешавем, ки зимни вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолону соҳибкорон 3 феврали соли равон дар ноҳияи Қубодиён, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, иброз гардид, ки аз тарафи ҳамин гурӯҳи ташабускорон дар деҳаи «Чунортуға»-и Ҷамоати мазкур боз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз шудааст.

Яке аз соҳибкорон иброз дошт, ки «тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, мо бояд дӯстдории Ватанро на дар сухан, балки дар амал собит намоем. Бо сохтани синфхонаҳои иловагӣ мо ба рушди маориф мусоидат карда, дар таълиму тарбияи фарзандони худамон, ки ояндаи Тоҷикистонанд саҳм мегузорем»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Вернуться назад