Главная > Навидҳо > Дар Душанбе ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми истеҳсоли Чехия рӯнамоӣ гардид

Дар Душанбе ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми истеҳсоли Чехия рӯнамоӣ гардид


24-01-2023, 14:31.
Дар Душанбе ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми истеҳсоли Чехия рӯнамоӣ гардидДар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG, ки дар Чехия истеҳсол мешаванд, рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Маросими мазкур зимни вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати «Омнипол»-и Чехия Джозеф Пига, ки 20 январи соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, доир шуд.

Намояндагони ширкати «Омнипол» иброз доштанд, ки ҳавопаймоҳои мазкур аз ҷиҳати бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, барои мусофиркашонӣ ва интиқоли бор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоид мебошанд.

Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, омодагии Агентиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкории минбаъда бо ин ширкат иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ширкати «Омнипол» дастрас намудани таҷҳизоти авиатсонӣ ва ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG барои парвозҳои маҳаллӣ мебошад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вернуться назад