Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Мастчоҳ Маркази занон бунёд карда мешавад

Дар Мастчоҳ Маркази занон бунёд карда мешавад


24-01-2023, 13:01.
Дар Мастчоҳ Маркази занон бунёд карда мешавадДар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷопон Маркази занон бунёд карда мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур нақши занонро дар ҷомеа таҳким бахшида, омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳамзамон ин марказ имкони гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва машваратҳои касбӣ барои тамоми занони ноҳияро фароҳам меоварад. Ҳамчунин баробари бунёди марказ занон метавонанд дар он малакаи касбӣ, маслиҳат ва ё кумаки ҳуқуқӣ бигиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ медиҳад.

Тибқи лоиҳа, сохтмони Маркази занон моҳи феврали соли равон бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қарордоди сохтмони Маркази занон дар ноҳияи Мастчоҳ 23 январ дар шаҳри Душанбе миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба имзо расид.

АКС: Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ
Вернуться назад