Главная > Навидҳо > Хуҷанд: Бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ

Хуҷанд: Бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ


5-11-2015, 10:38.

Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҳусни оғоз бахшид.
Манзили истиқоматӣ 9 ошёна буда, аз 5 қисм ва 140 ҳуҷраи як, ду ва сеошёна иборат хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи куллии шаҳр дар ин мавзеъ бунёди 5 адад чунин бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Хонаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шуда, барои сохтмони он 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ равона мегардад. Дар хонаи нави истиқоматӣ 160 оила метавонад соҳиби ҷои зист шаванд.
Раиси вилоят ба меъморону сохтмончиён ва масъулини шаҳрдорӣ тавсия дод, ки дар сохтмони бино ҳамчунин ташкили марказҳои хизматрасонӣ, қароргоҳи нақлиёт ва кӯдакистонро ба эътибор гиранд. Намуди зоҳирии бино бояд тарҳи миллии тоҷикона дошта бошад ва маданияти шаҳрдории ниёгони моро ифода намояд. Пешниҳод шуд, ки дар таъмини эҳтиёҷмандон бо манзил асосан мутахассисони ҷавони хизмати давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба инобат гирифта шаванд.



Вернуться назад