Главная > Навидҳо > Бар асари заминларза дар ноҳияи Балҷувон манзилҳои истиқоматӣ зарар дидаанд

Бар асари заминларза дар ноҳияи Балҷувон манзилҳои истиқоматӣ зарар дидаанд


4-04-2018, 13:09.
Рӯзи 30 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон заминларза ба амал омад, ки бар асари он 62 хонаи истиқоматӣ осеб диданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар 7 хона аз 62 манзили осебдида зистан ғайриимкон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки қувваи заминҷунбӣ дар марказаш ба 4,0 балл баробар буда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат баён дошт, айни ҳол гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳён дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон қарор доранд.

Ба иттилои гурӯҳи корӣ, сабаби хароб гардидани манзилҳои зиёд дар ин ҷамоат он будааст, ки баъзе хонаҳо дар ин минтақаи доманакӯҳ аз лою похса сохта шуда, ба офатҳои табиӣ тобовар нестанд ва дар натиҷаи заминларза осеб дидаанд.
Вернуться назад